Оё эхинококкоз ба кӯдакон аз сагҳо мегузарад?

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Оё эхинококкоз ба кӯдакон аз сагҳо мегузарад?

Эхинококҳо паразитҳои ба оилаи цестодҳо мансуб буда, кистаҳои паразитӣ асосан дар ҷигар, шуш, гурда, майна ва дигар узвҳои шахси осебдида пайдо мешаванд.

Сарчашмаи асосии бемори ва мизбони асосии патоген сагҳо мебошанд. Ин беморӣ асосан ба кӯдакон аз сагҳо мегузарад.

Тухми пухташуда бо наҷосати ҳайвонот ба муҳити зист мебарояд. Ин беморӣ ба кӯдакон тавассути тамоси мустақим, яъне ҳангоми сила кардан ё навозиш кардан ё хӯрдани сабзӣ ё меваҳои бо тухми паразит олудашуда ва нӯшидани оби олуда метавонад сироят кунад.

❗️Тадбирҳо барои пешгирии беморӣ:
— пешгирии алокаи кудакон бо хайвонот, махсусан сагхо.
- пеш аз хӯрок хӯрдан дастҳоро бо собун хуб шустан, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ.
-сабзавоту меваҳоро шуста, оби ҷӯшида бинӯшед.

© Доктор Мухторов

Назари худро бинависед