Арзёбии дараҷаи зардпарвин дар навзодон

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Миқёси Крамер барои арзёбии дараҷаи зардпарвин дар навзодон истифода мешавад:

Дараҷаи I - зардпарвин дар рӯй ва гардан (билирубин >80 мкмоль/л);
Дараҷаи II - зардпарвин ба ноф паҳн мешавад (билирубин 150 мкмоль / л);
Дараҷаи III - зардпарвин ба зону паҳн мешавад (билирубин 200 мкмоль/л);
Дараҷаи IV - зардпарвин ба рӯй, бадан, дасту пойҳо паҳн мешавад (>250 мкмоль/л);
Дараҷаи V - зардпарвини умумӣ (сатҳи билирубин >350 мкмоль/л).

Зардпарвини физиологӣ одатан аз ангуштони пой ба сӯи сар нест мешавад. Одатан, зардпарвини физиологӣ дар кӯдакон бояд то рӯзи 14-уми ҳаёти кӯдак аз байн равад.

© Доктор Мухторов

Назари худро бинависед