Дар кадом синну сол ба кӯдакон йогурт додан мумкин аст?

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

❓ Дар кадом синну сол ба кӯдакон йогурт додан мумкин аст?

Йогурт як қисми ғизои иловагӣ барои кӯдакони то яксола мебошад.

Йогурт дар бар мегирад:
• Сафедаҳо
• Равғанҳо
• Калсий ва фосфор
• Пребиотик ва пробиотик
• Витаминҳои A, B1, B2, B12

Йогуртро ба кӯдакон аз синни 8 моҳа додан мумкин аст. Дар аввал бо 1 қошуқи йогурт оғоз кунед. Агар кӯдак ягон аломати аллергия надошта бошад, миқдори рӯзонаро тадриҷан зиёд кардан мумкин аст.

Ба кӯдаконе, ки ба протеини шири гов аллергия доранд, додани йогурт тавсия дода намешавад.

© Доктор Мухторов

Назари худро бинависед