Оё шумо дар бораи ҷавонтарин ва калонтарин донишҷӯ дар ҷаҳон шунидаед?

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Оё шумо дар бораи ҷавонтарин ва калонтарин донишҷӯ дар ҷаҳон шунидаед?

🧑‍🎓 Донишҷӯи 6-сола

Дар ин синну сол аксар одамон хануз дар богчаи бачагонанд. Аммо Ҷошуа Бекфорд дар синни 3-солагӣ забони англисиро аз худ кард ва дар синни 6-солагӣ ба Донишгоҳи Оксфорд пазируфта шуд. Падар ба маъмурияти донишгоҳ мактуб менависад ва аз онҳо хоҳиш мекунад, ки заковати фавқулодаи фарзандашро тафтиш кунанд. Ҷошуа аз имтиҳон гузашта, фалсафа ва таърихро бо баҳои аъло меомӯзад.

👵🏻 Донишҷӯи 102-сола

Бибии Ма Сюян, ки дар Ҷинани музофоти Шандуни Чин зиндагӣ мекунад, умри худро дар меҳнати сангин сипарӣ кард ва ниҳоят дар синни як аср барои таҳсили олӣ ҳуҷҷат супорид. Ниҳоят, дар соли 2022 ӯ таҳсилро дар Донишгоҳи Вейшан Роуд оғоз кард. Тавре мегӯянд, аз гаҳвора то гӯр илм ҷӯед, ба модаркалон дипломи муваффақ таманно дорем.

Назари худро бинависед