Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Имрӯз, 2 декабр, Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ аст

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ ҳамасола 2 декабр таҷлил мешавад.

Маҳз дар ҳамин рӯз Маҷмаи Умумии СММ Конвенсияи мубориза бо хариду фурӯши одамонро қабул кард.

Мубориза бар зидди гуломӣ аз ибтидои ин мафҳум идома дорад.

Бо вуҷуди ин, дар таърих давраҳое буданд, ки мафҳуми ғуломӣ ба як меъёр табдил ёфт. Бо вуҷуди он, ки имрӯз дар ҷаҳон ғуломӣ мамнӯъ аст, он комилан аз байн нарафтааст.

Дар ин сана таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои меҳнати маҷбурӣ, ғуломии ҷинсӣ, издивоҷи маҷбурӣ, фурӯши арӯс, зӯроварӣ нисбати кӯдакон ва истифодаи онҳо ҳангоми даргириҳои низомӣ, хариду фурӯши одамон нигаронида шудааст.

Назари худро бинависед