Имрӯз, 4 декабр, Рӯзи байналмилалии бонкҳо аст

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Имрӯз, 4 декабр, Рӯзи байналмилалии бонкҳо аст

Тибқи қатъномаи 2019/9, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 74 декабри соли 245 қабул кардааст, бо дарназардошти аҳамияти бонкҳо дар суботи иқтисодии ҷаҳонӣ, вазъи молиявии кишварҳо ва беҳбуди тарзи зиндагии инсон, қарор аст, ки Ҳамасола 4 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии бонкҳо таҷлил мешавад.

Дар Барномаи амали Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд, ки 2015 сентябри соли 27 дар шаҳри Аддис-Абеба (Эфиопия) баргузор гардид, ба баланд бардоштани нақши созмонҳои молиявӣ ва институтҳои бонкӣ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи махсус дода шудааст.

Тавсия дода мешавад, ки Рӯзи байналмилалии бонкҳо дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узви он, созмонҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар асоси манфиатҳои миллӣ, бо дарназардошти аҳамияти бонкҳо дар таъмини рушди устувор дуруст ҷашн гирифта шавад.

Назари худро бинависед