Сабаби яхбандии дасту пойҳо чист?

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Сабаби яхбандии дасту пойҳо чист?

➥ Камхунӣ. Дар ин ҳолат системаи гардиши хун дар тамоми бадан кӯшиш мекунад, ки танҳо узвҳои барои ҳаёт заруриро бо хун таъмин намояд ва рагҳои хунгузари пойҳо ва дастҳо ҳамеша дар ҳолати тангӣ қарор доранд.

➥ Баъзе одамон хусусияти системаи асаби вегетативиро доранд ва аз сабаби он ки раванди нигоҳ доштани гармӣ дар меъёр хуб инкишоф наёфтааст, хун дар рагҳои хунгузари периферӣ хуб гардиш намекунад, дар натиҷа пойҳо ва дастҳо ҳамеша сарданд. Ин ҳолат ягон бемориро нишон намедиҳад.

➥ Илова бар ин:
▪️ Гипотиреоз
▪️ Бемории Рейно
▪️Дар мушкилиҳои диабети қанд
▪️ Яхшавии пойҳо ва дастҳо дар бемориҳои гурда низ мушоҳида мешавад.

Назари худро бинависед