Сарвати Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ чист?

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Сарвати Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ чист?

Ким Чен Ун раҳбари Кореяи Шимолӣ аст, ки бо изҳороти таҳдидомезаш дар чашми мардум қарор гирифтааст (https://youtu.be/TYIov2QjgYU).

Ҳарчанд кишвар аз лиҳози иқтисодӣ фақир аст, аммо шумори муҳофизони шахсии раиси кишвар ҳудуди 25 ҳазор нафар буда, дар ҷазираҳои Ҳавайӣ ҷазираи хусусӣ ва қасрҳои боҳашамат дар манотиқи мухталифи кишвар дорад.

Ҳар сол 1 миллион доллар барои ғизои раиси кишвар масраф мешавад. Арзиши коллексияи асбобҳои мусиқӣ ва соатҳо 500 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин арзиши аспҳои зотӣ 584 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Парки мошинҳои зиреҳпӯши 1,5 миллион доллар Мерседес-Майбах, 2 миллион доллар Rolls Royce Phantom ва садҳо мошинҳои гаронбаҳои дигарро дар бар мегирад. Вай инчунин як яхтаи шоҳона, ҳавопаймо ва вагонҳои 7 миллион доллар дорад.

Сарвати умумии ӯ 5 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Назари худро бинависед