Системаи гази пропан чиро дар бар мегирад?

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

#Системаи гази пропан чиро дар бар мегирад?

Воҳиди идоракунии электронӣ (ECU electronic control unit) мағзи системаест, ки тамоми равандҳоро идора мекунад

Редуктор як механизми муҳимест, ки фишори газро назорат мекунад

Баллони газ як қабати металлии силиндрӣ ё планшетшакл аст, ки дар он пропан нигоҳ дошта мешавад.

Инжектор - агрегате, ки газро ба камераи сӯзиши дохилӣ ворид мекунад.

Филтрҳо - Пропан филтри худро дорад, ки он кафолат медиҳад, ки ҷараёни газ ба камераи сӯзишвории дарунӣ нисбат ба ҳама намуди дигари сӯзишворӣ тозатар (бе иловаҳои гуногун) дохил мешавад.

Датчики фишори газ — гардиши газро дар система, яъне фишори дохилиро дар қубурҳои газ назорат мекунад ва дар бораи он ба ECU маълумот медиҳад. Вай дар навбати худ ронандаро хангоме ки дар баллон газ намондааст, огох мекунад

Илова ба маълумоти умумӣ, ман дар мақолаҳои оянда ба ин ҳама алоҳида дахл мекунам

@Avtomechanik_07

Назари худро бинависед