Дар бораи бозии Subway Surfers

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Дар бораи бозии Subway Surfers

Бозии Subway Surfers, ки шумо дар расм мебинед, бояд қариб ҳамаи соҳибони смартфонҳо бозӣ карда бошанд. Бозӣ соли 2012 дар Дания сохта шудааст ва то кунун 2,5 миллиард нафар дар саросари ҷаҳон онро зеркашӣ кардаанд.

Тибқи баъзе манобеъи интернетӣ, созандаи бозӣ ин бозиро ба писари марҳумаш бахшидааст. Гап дар сари он аст, ки писараш ҳангоми парвоз дар скейт дар зери қатор монда буд, бинобар ин дар бозӣ ғолиб омадан мумкин нест ва ӯ ба ҳалокат мерасад. Аммо дар бораи дурустии ин хабар манбаи расмӣ вуҷуд надорад.

Subway Surfers танҳо аз таблиғи дохили бозӣ дар версияи iOS 80 миллион доллар ба даст овард.

Назари худро бинависед