Зарари тамокукашӣ барои занон

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Зарари тамокукашӣ барои занон

Ҷисми зан нисбат ба мардон ба тамоку бештар вокуниш нишон медиҳад. Ба ҷуз аз бемориҳои асосӣ, намояндагони ҷинси муқобил дар натиҷаи тамокукашӣ зебоӣ, ҷавонӣ ва аз ҳама муҳимаш имкони модар шуданро аз даст медиҳанд.

Ҳангоми тамокукашӣ нохунҳо ва мӯйҳо аз нарасидани оксиген азоб мекашанд, кундзада ва шикаста мешаванд, қариб нашъунаморо қатъ мекунанд. Аз дуди тамоку дандонҳо тадриҷан нобуд мешаванд ва бӯи нохуши аз даҳон омадаро ҳеҷ гуна резина пинҳон карда наметавонад. Пӯст назар ба муқаррарӣ 10-15 сол калонтар менамояд.

Умуман, чунин фактхоро овардан мумкин аст.

96 дарсади бачапартоӣ бо ин ё он шакл ба тамокукашӣ алоқаманд аст.

Таваллуди бармаҳал дар тамокукашон 8 маротиба бештар ба қайд гирифта мешавад.

Нуќсонњои рўй («лаби харгўш», «панљаи гург» ва ѓайра) дар кўдаконе, ки аз дуди тамокуи шиками модар заҳролуд шудаанд, 2 маротиба бештар дучор меоянд.

Тамокукашии модарон ба гиперфаъолият, ҳаяҷонбахшии асаб ва нуқсони равонии кӯдакон таъсири ғайримустақим мерасонад.

Кӯдаконе, ки аз модарони сигоркаш ба дунё омадаанд, системаи масуният заиф шуда, рушди зеҳнӣ аз ҳамсолони худ ақиб мемонад.

@andrology_uz 🚑

Назари худро бинависед