Манфиатҳои хондан ба кӯдак

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Манфиатҳои хондан ба кӯдак

Волидайне, ки дар бораи рушди рӯҳии кӯдак ғамхорӣ мекунад, ҳатман ба ӯ мутолиа кунад. Дар ин бора тадқиқоти Донишгоҳи Калифорния хабар медиҳад.

Агар кӯдакро ҳар рӯз пеш аз хоб бо овози баланд мутолиа кунанд, ба инкишофи рӯҳии ӯ таъсири калон мерасонад.

Таҳқиқоти равоншиносӣ нишон доданд, ки вақте кӯдак китоб мехонад, ӯ:

захираи луғат зиёд мешавад;
вай ба китоб мехру мухаббат пайдо мекунад;
табобат зебо мешавад.
Чӣ қадаре ки дар китоб калимаҳои мукаммал дошта бошанд, дар оянда барои кӯдак омӯхтани ин калимаҳо осонтар мешавад.

Ба тифли навзод ҳатто 5 дақиқа китоб хондан барои рушди рӯҳии ӯ хеле муфид аст.

Таҳқиқоти дигар нишон дод, ки вақте кӯдакони аз 3 то 5-сола зиёд китобхонӣ мекунанд, нимкураи чапи онҳо инкишоф меёбад. Ин маънои онро дорад, ки қобилиятҳои кӯдак, аз қабили гуфтугӯ, тасаввурот, забономӯзӣ зиёд мешаванд. Кӯдаке, ки китобро бисёр хондааст, ба дидани робитаҳои зиёди байни ашё ва калимаҳо шурӯъ мекунад. Ин ба рушди майнаи кӯдак дар самти илмӣ ва академӣ мусоидат мекунад.

Илова бар ин, агар пеш аз хоб китоб хонда шавад, кӯдак ба осонӣ хоб меравад ва ором хоб меравад ва робитаи равонии падару модар ва кӯдак мустаҳкам мегардад.

❓ Кадом китобро барои кӯдак бояд интихоб кард?

Беҳтарин китоб афсона ва ҳикояҳои классикист. Аммо беҳтарин вариант хондани китобест, ки кӯдак ба он шавқ дорад. Бо кудак зуд-зуд ба магазинхои китоб рафтан лозим аст. Дар он ҷо китоберо, ки кӯдак бо шавқ интихоб кардааст, гирифта ба ӯ хондан бамаврид аст.

Баъзан бо нархи як бозича 10 китоби хурд харидан мумкин аст. Волидайн ба ҷои бозичаҳои пластикии пастсифат, нодаркор ва баъзан зараровар як китоби муфиду ҷолиб харидорӣ намуда, дар ояндаи кӯдак саҳми бузурги мусбат хоҳанд гузошт. Баъдтар, кӯдак ба ҷои мағозаи бозичаҳо ба мағозаи китоб рафтанро афзалтар медонад.

Назари худро бинависед