Ҷигари фарбеҳ

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Ҷигари фарбеҳ
(гепатози равғанӣ)

Дар бадан ҷигар ҳамчун филтр амал карда, ғизоро ба энергия табдил медиҳад ва хунро тоза мекунад. Ҳар чизе, ки мо истеъмол мекунем, аз ҷигар мегузарад.

Ба гурӯҳи хавф барои бемории фарбеҳии ҷигар дохил мешаванд:
- Вазни зиёдатӣ (индекси массаи бадан аз 25 боло) Хавфи фарбеҳии шикам (вақте ки чарб дар камар ҷамъ мешавад). Доираи камар набояд аз 88 см зиёд бошад!
- Баланд шудани сатҳи холестирин ё триглицеридҳо дар хун.
- Диабети навъи 2. Сатҳи глюкозаи хун аз 6,1 ммоль / л зиёд аст.
- Аз даст додани вазн зуд, парҳезҳои аз ҳад сахт низ эҳтимолан хатарноканд.

Пешгирӣ
Ҷигар як узви худтабобаткунанда аст. Дар марҳилаҳои аввали беморӣ дуруст хӯрок хӯрдан ва тарзи ҳаёти худро тағир додан кифоя аст. Ҳангоми бемории фарбеҳии ҷигар парҳези баҳри Миёназамин мувофиқ аст.

Бештар бихӯред: сабзавот, моҳӣ, ғалладонагиҳо.
Камтар: равғанӣ, шӯр ва ширин.

Илми ғизо (https://t.me/joinchat/UFtOc0gAG-8iTHN6)

Назари худро бинависед