Пас аз талоқ оё модар ҳақ дорад кӯдакро ба падар нишон надиҳад.

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Пас аз талоқ оё модар ҳақ дорад кӯдакро ба падар нишон надиҳад.

⚡️Савол;
Писарам аз келинам чудо шуд, келинам бо дидани набераам муқобилат мекунад, чӣ кор кунем. Магар арӯси мо ҳақ дорад ин корро кунад?

⚡️Ҷавоб;
Тибқи Кодекси оила, бобою биби, бародарон, хоҳарон ва дигар хешовандони наздик ҳуқуқи дидани кӯдакро доранд. Агар волидайн ба хешовандони наздики кӯдак иҷозат надиҳанд, мақомоти васояту парасторӣ ба онҳо имкон медиҳанд. Инчунин мумкин аст, ки ба суд даъво мурочиат кард, то вакти дидори кудак мукаррар карда шавад ва ухдадории дахолат накардан.

Хулоса, арӯси шумо ҳақ надорад, ки кӯдакро ба шумо нишон надиҳад. Агар дар амал, чунон ки шумо мегуед, мушкилие пеш меояд, бо мурочиат ба суд масъаларо ба таври мусбат хал кардан мумкин аст.

Назари худро бинависед