Зеботарин меҳмонхона дар ҷаҳон.

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Зеботарин меҳмонхона дар ҷаҳон.

Меҳмонхонаи машҳури Бурҷ Ал Араб дар Дубай зеботарин меҳмонхонаи ҷаҳон дониста шуд. Муҳаққиқон беш аз 10 миллион хэштегҳои меҳмонхонаҳоро дар шабакаи Instagram барои муайян кардани меҳмонхонаи зеботарин таҳлил карданд. Корбарон тақрибан 2,5 миллион маротиба Бурҷ Ал-Арабро қайд кардаанд, ки рекорди мутлақ аст.

Ҳарчанд Бурҷ Ал-Араб расман як меҳмонхонаи панҷситорадор аст, аммо бо ҳашамати худ ҳамчун меҳмонхонаи ҳафтситорадор маъруф аст. Ба меҳмонон интиқоли Rolls-Royce, менюи болишт ва имкони аксбардории номаҳдуд пешниҳод карда мешавад. Дар ҷаҳон қариб касе нест, ки тасвири ин меҳмонхонаро надида бошад ё орзуи он ҷо буданро надошта бошад.

Назари худро бинависед