Модаре, ки кӯдаки ширдеҳ дорад, набояд маҳсулоти зеринро истеъмол кунад:

БО ДӮСТОН мубодила кунед:

Модаре, ки кӯдаки ширдеҳ дорад, набояд маҳсулоти зеринро истеъмол кунад:

✅Бодиринги тару тоза, квас (шўрбои квас, яъне окрошка), мањсулоти полис (харбуза, тарбуз) - њамаи инњо боиси дарди меъдаи кўдак ва вайроншавии кори рўдањо мешаванд.

✅Меваю сабзавоти рангоранг (себ, афлесун, шафтолу, зардолу, лаблабу, сабзӣ, помидор, малина, кулпунай) бо эҳтиёт бихӯред. Ин маҳсулоти ширин метавонанд дар кӯдак аллергияро ба вуҷуд оранд.

✅Ширро пеш аз истеъмол ҳатман ҷӯшонед, зеро он ба оромии меъдаи кӯдак мусоидат мекунад. Илова бар ин, шири нопухта, махсусан дар фасли тобистон боиси сирояти шадиди рӯда мегардад.

✅Сирӣ, пиёз, карафс ва ҳанутҳои гуногун метавонанд ба шири сина таъми ногувор бахшанд, аз ин рӯ аз онҳо сӯиистифода накунед.

✅Алкогол ва тамоку ба шири модар таъми талх мебахшад. Илова бар ин, моддаҳои дар таркиби онҳо мавҷудбуда метавонанд ба рушди кӯдак таъсири манфӣ расонанд, зеро онҳо оксигенеро, ки ба бадани кӯдак ворид мешавад, бозмедорад.

Назари худро бинависед